Гусели аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар Исфара

Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара,ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. 

Дар чорабинии ба ин муносибат доиргардида таъкид гардид, ки нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад. Зеро, дар нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорона ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ Навгилем, Лакон ва шаҳраки Шуроб аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд. 

Қайд карда шуд, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ мебошанд. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд.

Аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 170 нафар ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

1 октябри соли 2024 дар саҳни қасри фарҳанги "Гулистон"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими гусели тантанавии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва бо тантана гузаронида мешавад.

Зеро, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон баргузор гардид

29-уми сентябр дар майдончаи варзишии “Раҳим”-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба гиромидошти Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳаким Умедов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон баргузор гардид.

Дар мусобиқа 210 варзишгари наврас аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон, водии Рашт ва вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар охир ғолибон бо медал, туҳфа ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш