
Худшиносиву худогоҳии миллӣ аз арзишҳои муҳими инсон буда, ба маънои аслии пойдории давлат ва ҳастии миллат ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва тақвияти ҳисси ифтихори шаҳрвандӣ вазифаи муҳими ҳар як давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сиёсати ҳадафманд ва пайгиронаро дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ роҳандозӣ намояд.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, таъкид намуданд, ки «мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад». Ин андеша ифодаи равшани он аст, ки бидуни шинохти гузашта ва арзишҳои маънавӣ сохтани ояндаи устувор ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.






