
Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30- солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқии таъмини арзишҳои инсонӣ, рушди устувори давлатдории муосир ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа” бо иштироки муҳаққиқони соҳа ва устодону донишҷӯён ташкилу баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар таърихи халқи тоҷик санаи 6 ноябри соли 1994 – Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муқаддас ва оғози марҳилаи комилан нави давлату давлатдории тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки ҳамасола ин рӯзро тамоми мардуми Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорӣ ҳамчун иди миллӣ истиқбол менамоянд.






