Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан

5 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ доир гардид.

Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аҳли толорро ба ин муносибат шодбош гуфта, таъкид дошт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. 

Қайд карда шуд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ, кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуда, заминаи устувори таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Аз ин рӯ дар ростои таҷлили ҷашни 30-солагии Конститутсия таваҷҷуҳи дигарбора ба тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад.

Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори донишкада Абдурашид Ҷалилзода оғоз гардид, ки мавсуф ҳозирин ва устодону донишҷӯёнро ба муносибати баргузории конференсияи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. 

Дар конференсияи байналмилалӣ Мачехин Виктор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири лабораторияи таҳқиқоти сиёсати андози Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Россия дар мавзӯи “Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баромад намуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафурӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид. 

ДДХ барандаи Ҷоми сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд гардид

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз «Рӯзи милитсияи тоҷик» бо ташаббуси Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд байни дастаҳои яккачини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят байни донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 25 октябр то санаи 1-уми ноябри соли равон мусобиқаи варзишии футбол баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур ҳамаи дастҳои муассисаҳои олии вилоят иштирок намуда, дастаи футболбозони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон» дар даври ниҳоӣ бо дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рақобат намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб ва сазовори Ҷоми сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гардид. 

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш