Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад

Дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи ободониву созандагӣ идома дорад.

Барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидаанд, дар ҷамоат тадбирҳои муассир амалӣ шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҷӯӣ карда мешавад. Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Сарбанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии "Сарбанд", рақами 55 Юлдуз Ибрагимова иттилоъ дод, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоат бунёди 55 иншооти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ пешбинӣ шуда буд. То имрўз 57 иншоот пурра ба истифода дода шуда, нақшаи пешбинигардида 101 фоиз иҷро гардид. Иншооти сохташуда марказҳои нави хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, мағозаҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегиранд. Татбиқи лоиҳаҳо шароити зиндагии аҳолиро беҳтар намуда, симои маҳаллаву деҳотро зебо намудааст.

Рӯйхати ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз вилояти Суғд

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамасола садҳо китобдӯстро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат муттаҳид месозад. Имсол низ намояндагони вилояти Суғд дар ин озмуни бонуфуз иштирок карда, 24 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд. 

 

1. Байни хонандагони синфҳои 1–4

Дар зинаи аввал — байни кӯдакони синфҳои ибтидоӣ — чанд тан аз хонандагони болаёқати вилояти Суғд соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

• Шарифова Умеда, хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори Шоҳҷоиза гардид.

• Мараҷабова Шукрона, синфи 4, МТМУ №36-и ноҳияи Ашт, ғолиби номинатсияи адабиёти муосири тоҷик.

Умеда Шарифова - барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

Намояндаи вилояти Суғд - Умеда Шарифоваи 11 сола, хонандаи синфи 4 аз ноҳияи Мастчоҳ сазовори Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва соҳиби 140 000 сомонӣ гардид.

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни имсола 94 нафар, аз ҷумла 23 нафар намояндагони вилояти Суғд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар даври ниҳоии озмун 434 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 2 нафар тоҷикони бурунмарзӣ буданд ва ба таври маҷозӣ (онлайн) ба саволҳои ҳайати ҳакамон посух доданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш