
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабр ироа гардид, боз як маротиба самтҳои асосии сиёсати давлатро дар марҳалаи нави рушд муайян намуд. Дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли солҳои гузашта, масъалаи таъмини рушди соҳаи маориф, боло бурдани сатҳи маърифат, илму дониш ва тарбияи насли ҷавон қарор дошт.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобат миёни давлатҳо бештар ба сатҳи дониш, технология ва навовариҳо вобаста шудааст, Президенти мамлакат бо мисолҳои возеҳ нишон доданд, ки давлатҳои мутамаддину пешрафта маҳз бо такя ба маориф ва илм ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Ба таъкиди Сарвари давлат имрӯз кишварҳои тараққикарда ҳатто аз манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, барқ истеҳсол намуда, иқтисоди худро бо технологияҳои сабзу муосир рушд медиҳанд. Ин пешрафт натиҷаи сиёсати дурусти сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу донишманд мебошад.





