
Дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Нахуст, Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд меҳмононро хайрамақдам намуда, кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бо фарорасии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуфт.






