Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ — масъулияти ҳар як шаҳрванд

Дар шароити имрӯза, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз таъминоти босифати неруи барқ вобастагии калон дорад, масъалаи истифодаи самараноки барқ аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории санаи 25 апрели соли 2025 доиргардида аз талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат изҳори нигаронӣ намуда буда, зимни баррасии вазъи соҳа ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, хусусан беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо неруи барқ, тадбирҳои муассир андешида шавад. Ҳамзамон, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ гардид.

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад

16-17 апрел дар вилояти Суғд Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мегардад.
Форум бо мақсади пешбурди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва таърихии вилоят баргузор карда мешавад.

РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ. Ташхису муоинаи ройгони сокинон дар Суғд

Имрӯз, 7-уми апрели соли равон дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шаҳрвандон ба хизматрасонии тиббии ройгон фаро гирифта шуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш