Раиси вилояти Суғд барои қадршиносии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 477 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд

Бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштанд, кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад. Дар ин бора рӯзи 25 апрел қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Тибқи қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 6000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дастрас карда хоҳад шуд.

15 май Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад

15 май дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Дар асоси қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои Рӯзи байналмилалии оила тасдиқ гардидааст, ки тибқи он гузаронидани семинар-машваратҳои минтақавӣ таҳти унвони «Оилаи солим-ҷомеаи устувор», ташкили суҳбату мулоқотҳо бо иштироки оилаҳои намунавӣ, соҳибтаҷриба ва ҷавон, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Оилаи мо беҳтарин» миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, маҳфилҳои гуногун дар назар дошта шудааст.

Вокуниш ба маводи «Азия плюс»

Вокуниш ба маводи “Мушкили аскарӣ дар Суғд. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, мактуби Озода Раҳмон ва талошҳои вазорати маориф» ва «В Согде не могут выполнить план призыва. Власти намерены решить вопрос за счет студентов?», ки дар оҷонсии «Азия плюс» нашр шудааст

Тавре маълум аст, ҳамасола тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Зеро, тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш