Боғи фарҳагию фароғатии "Ҷавонон" дар Истаравшан азнавсозӣ мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан корҳои сохтмонию азнавсозии Боғи фарҳагию фароғатии "Ҷавонон"-и шаҳр идома дорад.
Боғи фарҳангии мазкур дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда буд ва тамоми таҷҳизоти фароғатии он фарсуда шуда буд. Ин боғи фарҳангию фароғатӣ дар кумитаи маҳаллаи ба номи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, фармоишгари​ корҳои азнавсозию барқароркунӣ ҶДММ “Комрон-обод” мебошад.​ Боғи мазкур дар масоҳати 2,3 гектар бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он​ 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки бо ба охир расидани корҳои азнавсозӣ макони истироҳатӣ дари худро барои сокинон боз намояд.

Баргузории чорабинии ҳарбӣ -варзишии “Ватанпарвар” дар Панҷакент

Дар ҳамоиши омодагии дифои ҳарбӣ кормандони комиссариати ҳарбӣ, омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ, устодону донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Тавре дар чорабинӣ таъкид карда шуд, мақсади баргузории ҳамоиш тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ дар ниҳоди наврасон,  пешгирии гароиши ҷавонону наврасон ба зуҳуроти номатлуб, ҳидояти онон барои адои хидмат ба Ватан ва пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод доир карда шуда, дар доираи он байни хатмкунандагон даври ниҳоии олимпиада баргузор гардид. Дар ин рӯз қариб 2000 хатмкунанда аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисос ва факултетҳои донишгоҳ дар Рӯзи дарҳои кушод иштироки фаъолона намуд.
Дар доираи Рӯзи дарҳои кушод инчунин байни хатмкунандагон олимпиада доир карда шуд. Тибқи барномаи олимпиада, аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш