23 май дар вилояти Суғд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад

23 майи соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат!» таҷлил карда мешавад.

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон ташкили Фестивали дӯстии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Дунё пур аз ҷавонист», озмуни «Дастони моҳир», озмуни мақола ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҷавонон», ҳамоишҳои «Созандагиву ободкорӣ мароми мо ҷавонон», «Мо-ҷавонон ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем», «Тозагии соҳил-гарави саломатӣ», «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат», мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол, гӯштини юнонӣ-румӣ, гӯштини камарбандӣ, камонварӣ, ҷудо, волейбол, каратэ, бокс, футбол ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст. 

10-16 май бориши боронҳои шадид дар назар аст

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 то 16 май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид ва бориши боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Ситоди ҳолатҳои фавқулода ташкил гардида, ба ситод супориш дода шудасст, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намояд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода вазифадор аст, ки шаҳрвандонро аз вазъи мавҷуда огоҳ намуда, барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва ба қадри имкон ҷиҳати пешгирии ҳамагуна хисорот чораҷӯӣ намояд.

Панҷакент. Ба иштирокчии ҶБВ кӯмакпулии Президенти мамлакат супорида шуд

5 май муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба манзили зисти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бӯриев Саид ташриф оварда, фарорасии 77-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро табрику таҳният гуфтанд.

Зимни аёдат ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бӯриев Саид кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 15 000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 6000 сомонӣ ва кӯмакпулии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш