Дар ноҳияи Ашт иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро аёдат намуданд

Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки кунун дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз суботи комили  кишвар зиндагӣ доранд, дар арафаи Рӯзи Ғалаба- 9 май аёдат гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро)  ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон) кумаки яквақтаи Пешвои миллатро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ Ҷамшед Шодихон, кумакпулии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро сардори Раёсати тандурустӣ Муҳиддин Ҳайруллозода ва кумакпулии яквақтаро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад

Даҳаи дуюми моҳи май Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.

Фестивал бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръат бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ ташкил гардида, иштирокчиёни беҳтарин бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба имзо расид

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ба имзо расид.

Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тасдиқ гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифадор шудаанд, ки барои иҷрои нақшаи мазкур чораандешӣ намоянд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш