10-16 май бориши боронҳои шадид дар назар аст

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 то 16 май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид ва бориши боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Ситоди ҳолатҳои фавқулода ташкил гардида, ба ситод супориш дода шудасст, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намояд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода вазифадор аст, ки шаҳрвандонро аз вазъи мавҷуда огоҳ намуда, барои рафъи ҳолатҳои фавқулода ва ба қадри имкон ҷиҳати пешгирии ҳамагуна хисорот чораҷӯӣ намояд.

Панҷакент. Ба иштирокчии ҶБВ кӯмакпулии Президенти мамлакат супорида шуд

5 май муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба манзили зисти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бӯриев Саид ташриф оварда, фарорасии 77-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро табрику таҳният гуфтанд.

Зимни аёдат ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бӯриев Саид кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 15 000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 6000 сомонӣ ва кӯмакпулии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Дар Хуҷанд бизнес-форуми сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд

Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон  ворид мешаванд. Ин нукта зимни Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз шуд, баён гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва аз ҷониби Узбекистон намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, инчунин ширкатҳои сайёҳии Узбекистон иштирок намуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш