Таҳти унвони “Тирози ҷаҳон дар масири таърих” конфронс баргузор гардид

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тирози ҷаҳон дар масири таърих” баргузор гардид. Дар кори он ҳайати устодон, олимон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳаи таърих ширкат варзиданд.

Ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки шаҳри Хуҷанд дар тӯли асрҳо ҳамчун маркази бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии минтақаи Осиёи Миёна нақши калидӣ бозидааст. Ба гуфтаи ӯ, мавқеи ҷуғрофии шаҳри бостонӣ — воқеъ шудан дар дарвозаи водии Фарғона, ки онро “марвориди Осиёи Марказӣ” меноманд, ба Хуҷанд мақому манзалати хосса бахшидааст.

Ректори донишгоҳ таърих ва саргузашти пурғановати Хуҷандро ибратбахш ва боиси ифтихор арзёбӣ карда, зикр намуд, ки “саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он таҷассуми рӯҳи созанда, мероси гаронбаҳо ва таҷрибаи ноби мардум мебошад, ки имрӯз низ илҳомбахши наслҳои ҷавон аст.”

Дар шаҳри Гулистон Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ» Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид.

Форум ба як платформаи муҳими минтақавӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, барои иштироки фаъолонаи занон дар рушди устувор, рақамисозӣ ва рушди навоварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории форум дастгирии ташаббусҳои занон дар соҳаи экология, технология ва соҳибкории устувор буда, ба имконияти иштироки занон дар дигаргунсозии иқтисодӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунад.

Бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 80-солагии муаллифи Суруди миллӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории ноҳия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Диёри арҷманди мо” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ҷамъе аз шоирону нависандагони шинохтаи кишвар, намояндагони ВАО-и кишвар ва фаъолони ноҳия ширкат намуданд.

 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Диёри арҷманди мо” бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба кори худ шурӯъ кард. 

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш