СУҒД: Ба маблағи 257 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот гардид

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба 720,5 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли  2021  150,4 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 463,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118,4 млн. доллар ё 34,3 фоиз афзудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чор иншооти варзишӣ ба истифода дода шудааст

Дар  се моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти варзишӣ дар маҷмуъ бо маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохта шудааст.

Вусъати корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар Хуҷанд

Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани муҳити атроф ҳар ҳафта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои тарғиботиву амалисозӣ, ҳашарҳои дастҷамъонаю ташаббусҳои гуногуни «Тозагии соҳил» баргузор гардида, ба зебоии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамоянд.

Тавре дар хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ташаббуси «Тозагии соҳил» амалӣ карда шуда, қамишзори дохили дарё ва канори он, алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ пурра тоза карда шуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш