Рӯзҳои 22-24 июн Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад

Рӯзҳои 22-24 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд аз 27 январи соли 2023 ба имзо расидааст.

Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷӣ ташкил гардида, дар доираи ярмарка гузаронидани форуми сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Тасдиқи Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026

Бо қарори Раиси вилояти Суғд​ Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид.

Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати рушди футбол ва фароҳам овардани шароити варзишӣ тасдиқ гардида, идомаи мантиқии​ Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021 маҳсуб меёбад. Барномаи мазкур дурнамо барои панҷ соли оянда ба ҳисоб рафта, он самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳа ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро муайян менамояд.

8 март Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад

8 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар доир намудани мулоқоту вохӯрӣ, конфронсу суҳбатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, конфронси вилоятии «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон», ташкили мусобиқаҳои варзишии волейбол, баскетбол, теннизи рӯи миз, шашкаю шоҳмот байни бонувон дар ташкилоту идораҳо ва донишгоҳҳо, аёдати занони фаъол ва собиқадорони меҳнат дар назар дошта шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш