Дар ноҳияи Айнӣ иди Садаро таҷлил намуданд

26 январи соли равон дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Муқим Муродзода ҳамагонро бо ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт: "Ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром гузоштан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос иҷро мегардад".

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2002 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, аъзои кумиҷроия, вакилони маҷлисҳои вилоятии Маҷлиси вакилони халқ, собиқадорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар Мастчоҳ Маркази занон бунёд карда мешавад

Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷопон Маркази занон бунёд карда мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур нақши занонро дар ҷомеа таҳким бахшида, омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳамзамон ин марказ имкони гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва машваратҳои касбӣ барои тамоми занони ноҳияро фароҳам меоварад. Ҳамчунин баробари бунёди марказ занон метавонанд дар он малакаи касбӣ, маслиҳат ва ё кумаки ҳуқуқӣ бигиранд.

Тибқи лоиҳа, сохтмони Маркази занон моҳи феврали соли равон бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон оғоз мегардад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш