Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардиданд.
Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода иттилоъ дод, ки пояи моддию техникии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои охир тадриҷан мустаҳкам гардида, алҳол дар донишкада бинои маъмурӣ, 8 бинои таълимӣ, 3 китобхона, хобгоҳи донишҷӯён, ошхона, 167 синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла 7 толори лексионӣ, 47 озмоишгоҳ, 26 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва 1 майдончаи таҷрибавӣ, 2 толор ва майдончаи варзишӣ амал мекунанд.