Дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич мумфаршкунии 10 км роҳ оғоз ёфт

6 май мумфаршкунии роҳи дохилии деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич оғоз ёфт.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ таъкид карда шуд, ки сокинони ноҳия имсол дар тамоми деҳаҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ карда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ободу зебо намудани маҳалли зист, аз ҷумла мумфарш намудани кӯчаҳои деҳот камари ҳиммат бастаанд.

Боиси таъкид аст, ки сокинони деҳаи Росровут дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо километр роҳҳои ҳудуди деҳотро мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш намуда, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷаншни бузурги миллӣ – 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар муттаҳидию сарҷамъӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ менамоянд.

Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи неруи барқ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан бо иштироки сокинон ҳамоиш доир шуд. 

Тавре иттилоъ дода шуд, тағйироте, ки ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, пешбинӣ менамоянд, ки ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима ва ҳатто маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ карда мешавад. Аз ин хотир ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода намуда, маблағи истифодаи онро сари вақт супорем.

Барои иштирокчиёни ҶБВ ва ақибгоҳ 438 000 сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо гардид

Бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ 438 000 сомонӣ ҷудо гардид.

Ёрии яквақта ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба 51 нафар иштирокчии ақибгоҳ ба миқдори 8000 сомонӣ ва 2 нафар иштирокчии ҶБВ ба миқдори 15 000 сомонӣ расонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 51 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, умр ба сар мебаранд.

Аз ҷумла, 6 нафар дар ноҳияи Ашт, 3 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар дар шаҳри Бӯстон, 5 нафар дар ноҳияи Деваштич, 1 нафар дар ноҳияи Зафаробод, 17 нафар дар шаҳри Истаравшан, 1 нафар дар шаҳри Исфара, 1 нафар дар шаҳри Панҷакент, 4 нафар дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, 11 нафар дар ноҳияи Шаҳристон зиндагӣ доранд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш