СУҒД. Ба маблағи 28,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Дар 9 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 28 миллиарду 321 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,9 фоиз таъмин гардид. 

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба миқдори 1 миллиону 583 ҳазору 500 тонна ангишт истеҳсол шуда, суръати афзоиш 102,1 фоиз таъмин шудааст.    

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 349,6 ҳазор тонна орд, 4 968, 7 тонна равғани растанӣ, 34 114, 6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 31 миллиону 954 ҳазору 200 қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 16 миллиону 768 ҳазору 800 декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 122,8 фоиз, равғани растанӣ 142,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 102,1 фоиз, консерваҳо 90,8 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 114,0 фоизро ташкил медиҳад. 

НАМУНАИ ИБРАТ. Дар Спитамен се даъватшаванда аз як оила ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд

Ҳамарӯза ҷавонони зиёд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, барои иҷрои рисолати бузурги ватандӯстӣ ва ҳифзи Ватан изҳори омодагӣ менамоянд. Намунаи барҷастаи ин амали нек ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастани се даъватшаванда аз як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз даъват ва ҷараёни хизмати ҳарбии ин се нафар аллакай ду ҳафта сипарӣ гардидааст. Дар ин давра бо дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода гурӯҳи эҷодии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо намояндагони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки бо падару модари Ҳасан, Ҳусейн ва Абдуқодир Абдуқодировҳо аз наздик шинос шуда, рӯзгори пурнишоту пурифтихори ин оилаи хушбахту сарфарозро инъикос намоянд.

Душанбе — маркази ташаббусҳои дипломатии минтақавӣ

10 октябри соли 2025 шаҳри Душанбе — пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон — мизбони ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид.

Ин ҳамоиши сатҳи олӣ бо иштироки сарони кишварҳои узв баргузор шуда, бори дигар нақши фаъол ва ташаббускори Тоҷикистонро дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва ҳамгироии минтақавӣ собит намуд. Ҷаласаи имсола таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат доир гардид. Дар кори он роҳбарони кишварҳои узв, аз ҷумла Президентҳои Русия — Владимир Путин, Озарбойҷон — Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон — Никол Пашинян, Беларус — Александр Лукашенко, Қазоқистон — Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон — Садир Жапаров, Туркманистон — Сердар Бердимухамедов, Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев иштирок намуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш