18 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои идона ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен миёни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни беҳтарин дастархони наврӯзии "Ҳафт син ва ҳафт шин" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят анвои гуногуни хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд, ки аксари хӯрокҳо аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзои маҳфилҳои "Рӯзғордорӣ"-и Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят омода карда шуда буд.



22 марти соли 2022 ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида мешавад.
Дар Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат» 2 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан доир мегардад, беш аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард.
