30 марти соли равон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид. Ин мошини ёрии таъҷилӣ сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.
Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардидааст.



Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзорҳои нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар майдони 31 гектар ба бунёди боғи анъанавии себ асос гузошта шуда, аввалин ниҳолҳои себи навъи маҳаллӣ шинонида шуд.
Б1ахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз нахустин ҷавонони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпешаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки баробари оғози даъвати баҳорӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан саҳм гузоштаву дарси мардонагӣ омўзад ва аз имтиҳони ҳаёт гузарад.
