4-уми апрели соли 2022 ба хотири беҳтару хубтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид.
Ин мошин истеҳсоли давлати Ҷопон буда, дар дохилаш тамоми дастгоҳҳои шӯъбаи эҳёгариро доро буда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказӣ тақдим гардидааст. Тавре дар суҳбат сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Солеҳова Меҳринисо гуфт, ин дастгириҳои Вазорати тандурустӣ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳия пешбинӣ шуда, кори табибонро хеле осон мегардонад.



Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан рӯнамоии китоби "Донишномаи Истаравшан" баргузор гардид.
4 апрел таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шинос шуданд.
