Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Истаравшан ба кӯмаки пахтакорони ноҳияи Зафаробод рафтанд

Рӯзи якшанбеи 12 сентябр беш аз 300 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо мақсади расонидани ёрӣ дар чиниши пахта ба ноҳияи Зафаробод омаданд.

Ҳашарчиён бо роҳбарии раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода дар ноҳияи Зафаробод пахта чида, давоми рӯз дар паҳлуи пахтакорон буданд.

Кормандони ташкилоту идораҳо дар хоҷагии ёрирасони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд давоми рӯз беш аз 6 тонна пахта чида, ба хирман супориданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш