Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд

Соли 2020 дар ноҳияи Ашт аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо дар майдони 225,7 гектар боғоти меваҳои донакдор бунёд карда шудааст, ки аз он 19 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ дастовардҳои кишоварзони ноҳия дар соли гузашта назаррас арзёбӣ гардида, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 9961,8 тонна ғалладонагиҳо, 13579,1 тонна пахта, 4008,0 тонна картошка, 10572,8 тонна сабзавот, 4379,7 тонна полезиҳо, 27917,1 тонна меваҷот, 1497,1 тонна ангур, 6125,0 тонна гушт, 27700,3 тонна шир, 7982,0 ҳазор дона тухм, 215,1 тонна пашм, 32,5 тонна асал, 110,5 тонна моҳӣ  ва 13,9 тонна пилла истеҳсол карда шудааст.

Ҳамзамон соли 2020 аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар ба миқдори 3 319 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, асосан меваҷот содирот карда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 190 тонна зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид

Соли 2019 барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Барои харидории таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5,0 млн. сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 7,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби кўмакҳои башардўстона 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳо 3,2 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ба беморхонаи шаҳри Бӯстон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шуд

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ, ёрирасон ва техникӣ дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова табибони шаҳри Бӯстон ҳамарӯза аз ғамхориву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ азму талош намуда истодаанд.

Хусусан дар давраи вазнини хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ворид гардидани кӯмакҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беморон ва табибон, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли инҳо шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Дар ин замина, моҳи апрели бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон зиёда аз 138 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили катҳои функсионалӣ, рентгени рақамӣ, автоклав, дастгоҳи ултрасадои доплерӣ, мониторҳои назди кати бемор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.

Санаи 13 апрели соли равон бо иштироки мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ғафур Зоирӣ ва сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова таҷҳизоти муосири тиббиро дар фазои тантанавӣ ба мудирони шуъбаҳои беморхонаи шаҳрӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон як адад Беморхонаи шаҳрӣ мавҷуд буда, ба сокинони шаҳр хизмати тиббӣ мерасонад. Беморхона дорои 16 шуъба буда, дар он зиёда аз 340 нафар  табибон, ҳамшираҳои тиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш