Дар Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм, ки яке аз ёдгориҳои нодири бостонӣ дар Осиёи Миёна аст, 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Дар партави дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои пайваста ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд. Ин хатсайрҳо натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо шарикони рушд ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ буда, ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, инчунин баҳри тарғиби мавзеъҳои назаррабои мамлакат равона шудаанд», — изҳор доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.




Дар доираи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» имрӯз боз 18 тракторҳои тамғаи МТЗ-82 бо борбардор ва ядакҳои тракторӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич тақдим карда шуд.
