COVID-19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хуруҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.
Тибқи иттилои сомонаи covid.tj ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхўрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.



Шоми дирӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки зимни он ба се нафар иштирокчии фаъол Гулноза Ғаффорӣ аз шаҳри Хуҷанд дар номинаи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола) ва Салоҳиддинхон Ҷалолиддинхонов аз ноҳияи Спитамен дар номинаи композиторӣ (аз 18 то 40-сола) Шоҳҷоиза ба маблағи 50 000 cомонӣ супорида шуд.
17 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалие, ки моҳи январи соли 2022 дар Техаси ИМА мегузарад, роҳхат гирифтанд. Дар ин бора директори литсей Сурайё Неъматова иттилоъ дод.
