Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба 720,5 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 150,4 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 463,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118,4 млн. доллар ё 34,3 фоиз афзудааст.



Дар се моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани муҳити атроф ҳар ҳафта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои тарғиботиву амалисозӣ, ҳашарҳои дастҷамъонаю ташаббусҳои гуногуни «Тозагии соҳил» баргузор гардида, ба зебоии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамоянд.
