Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар ноҳияи Мастчоҳ аз муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг дидан намуда, бо шароити хизматрасонӣ, таълиму тарбия ва баланд бардоштани маънавиёти мардум аз наздик шинос шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ноҳия хабар медиҳад.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат аз муассисаи таълимии №26 ва Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо омӯзгорон ва табибон ҳамсуҳбат шуда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши фанҳои дақиқ, забономӯзӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан дар деҳот дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.



Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен» васлу насби хатти нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, бо ба охир расидани корҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва маҳсулот ба кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон содирот карда мешавад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.
Дар ноҳияи Деваштич, ки аксари кишоварзонаш ба картошкапарварӣ машғул ҳастанд, ба кишти картошка оғоз бахшида шуд.
