12 апрел дар меҳмонхонаи «Суғдиён» маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Липетски Федератсияи Россия баргузор гардида, дар маҷмуъ 17 созишнома ба имзо расонида шуд.
Маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов доир гардид.



Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба 720,5 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 150,4 фоиз таъмин гардид.
Дар се моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
