11 марти соли 2022 дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 110-солагии нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» гузаронидани маҷлиси тантанавӣ, суҳбати журналистони собиқадор бо толибилмону донишҷӯён дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-роҳнамои ҷомеа», аёдати собиқадорон, ташкили мусобиқаи анъанавии шоҳмот миёни кормандони ВАО, маҳфили ёдбуди журналистони соҳибном Усмонҷон Тоҷибоев ва Неъмат Шариф, конфронси илмию амалӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ гузаронида хоҳад шуд. Озмуни мазкур имсол бо дастгирии роҳбарияти вилоят дар ду номинатсия – матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио дар алоҳидагӣ баргузор шуда, дар он кормандони васоити ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликияташ, нафароне, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш даҳ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.
Ба ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар номинатсияҳои матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио 3 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 6 ҳазор сомонӣ ва Диплом супорида хоҳад шуд.
Ҷоизаҳои журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (дар ду номинтсия) дар рўзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолибони озмун супурда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ҷиҳати иштирок дар озмун бо телефонҳои (92) 909-98-98, (92)-777-63-29, (92)-778-16-85, 4-68-05 тамос гирифтан мумкин аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



26 феврали соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, номояндагони сохторҳои маҳаллии кумита дар вилояти Суғд, ва гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Гулистон, Бустон, Истиқлол, Ҷ.Расулов ва Ашт ширкат варзиданд.
26 феврали соли равон дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо баргузор гардид.
