30 апрел бахшида ба Иди саиди Фитр дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
Дар ярмарка кишоварзон ва корхонаҳои саноатии вилоят маҳсулоти гуногун, аз қабили орд, гӯшт, равған, картошка, биринҷ, сабзӣ, гӯшти мурғ, тухм, макарон ва дигар маводи ғизоиро бо нархҳои нисбати бозор арзонтар пешниҳод менамоянд.
Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!



Бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштанд, кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад. Дар ин бора рӯзи 25 апрел қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
15 май дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
