Дар Исфара ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм доир гардид

Дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят иштирок намуданд.

«Кӯдакон дунёи моянд». 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад

1 июни соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташкили чорабиниҳои идона дар муассисаҳои иҷтимоии бачагонаи шаҳру ноҳияҳо, аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд, барномаҳои фарҳангии идона, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои худро меомӯзем» ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

Истеҳсол ва содироти RС Сola

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина саноатчиёни вилояти Суғд мекўшанд, иншооти хурду бузурги саноатиро сохта, ба истифода диҳанд. Баробари ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» масъулияти саноатчиёни кишварро бештар кард.

Афзудани коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти кишвар беҳ мегардад. Ҷоиз ба қайд аст, ки имрўз саноатчиёни вилоят мекўшанд, сифати маҳсулоти истеҳсолии худро беҳтар гардонида, содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ афзун созанд. Дар ин замина нақши соҳибкорон низ назаррас буда, имконияти хуб барои истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти баландсифату рақобатпазир мебошад. Ин аст, ки дар самти содироти маҳсулоти саноатӣ коргоҳҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш