26 июл муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ боздид карда, бо ҷараёни ҷамъоварии зироати полезӣ, нашъунамои пахта, чормағзи заминӣ ва кишти такрорӣ аз наздик шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар»-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, «Резгиф»-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва хоҷагиҳои деҳқонии «Манучеҳр» ва «Ардашер»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак дидан намуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, тақвияти кишти такрорӣ ва пешгирии зироат аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.



Дар деҳаи Вогати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан хати оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
26 июл бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт таъмири роҳи Навбунёд-Пунук оғоз ёфт.
