Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мароми супоридани 100 адад аробачаҳои маъюбӣ, либос, маводи хўрокаи ниёзи аввал баргузор гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина пайваста кўмакҳо ирсол ва дастрас карда мешаванд. Ин қишри ҷомеа ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис намекунанд.



6 августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода машварат доир шуд.
Дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир баргузор гардида истодааст, 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии як гуруҳ омӯзгори фанни забони англисӣ сафарбар гардида буданд.
