5 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон Мактаби тобистонаи «Менеҷменти лоиҳавӣ дар идоракунии давлатӣ» ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ.
Дар расми ифтитоҳи Мактаби тобистона Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалил Ғафурзода, роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатӣ Сомон Исматов ва намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Саидова иштирок намуданд.



Бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ таъсис ёфт.
Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии "Ҳосил-2022" таъсис дода шуд.
