Рӯзҳои 8 ва 9 сентябр ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чорабиниҳои идона ташкил карда мешавад.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои махсусӣ мактабӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳо дастархони идона ороста шуда, бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.



Кишоварзон ва соҳибкорони вилояти Хатлон дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд бо роҳбарони ширкату корхонаҳои вилоят мулоқот намуданд.
5 сентябр дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- оғози давлатдории навини тоҷикон» ҳамоиш баргузор гардид. 
