Сафари гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони "Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!" ба вилояти Суғд

Сафари гурӯҳи ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар вилояти Суғд рӯзи 21 октябр дар Хуҷанд идома ёфт.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр таҳти садои карнаю сурнай муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯзахон Нуруллозода ва роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд пешвоз гирифтанд.

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон

Фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо эътирофи муҳиммияти ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, риояи принсипи ҳифзи ҳусни неки ҳамҷаворӣ дар чунин давраи барои ҳарду давлат душвор ваколат доранд изҳор намоянд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил арзёбӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Бо мақсади риоя ва таҳкими тавофуқоти ҳосилшуда ҷиҳати пешгирӣ аз иғвои эҳтимолӣ дар хатти сарҳад 21 октябри соли 2022 мулоқоти роҳбарони идораҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев баргузор гардид.

ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд

Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки новобаста аз тавофуқоти ҳосилшудаи дуҷониба дар хусуси роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносиботи байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.

19-уми октябри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи ҶҚ Бакитбек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Ин изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад. Б.Бекбулатов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале ҳамзамон бо ин, хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 «Печора-2БМ» харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодкан ҷойгир карда мешавад. Амалкарди вазир ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ, равона шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш