Аз 13 июл то 5 августи соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад.
Нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир мегардад.



Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди корхонаи иловагии металлургӣ идома дорад, ки бо фаъол шудани он 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи «Зарафшон» иттилоъ дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Дашти Қозӣ боздид намуд.
