Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор, ки 26 июн аст, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони "Корвони зиддимухаддиротӣ - 2022" доир намуд.
Корвони мазкур кори худро тибқи нақшаи чорабинии зиддинашъамандӣ дар чанд шаҳрҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар” идома дода, санаи 22 июни соли 2022 ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расид. Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» чорабинӣ доир шуд, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, варзишгарон, ҷавонони фаъоли шаҳр ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.



Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу башарӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ байни кӯдакону наврасон шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили доимоамалкунандаи "Донандагони осори Пешвои миллат" роҳандозӣ карда шуд.
Бахшида ба ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Меҳрубон Назаров бегоҳии 22 июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии русии драмма ва мазҳакаи шаҳри Бӯстон намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ пешниҳоди тамошобинон гардид.
