23 феврали соли 2022 дар толори Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи афсарону сарбозон расонид. Гуфта шуд, ки «бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд».
Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода низ собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд, табрику таҳният намуд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд.
Зеро, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Сипас, як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссириати ҳарбии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд