26 июл бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт таъмири роҳи Навбунёд-Пунук оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар суҳбат бо сокинон аз вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ёдовар шуда, барои саҳмгузории сокинон дар ободонии роҳ миннатдории худро баён кард. Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмири ҷории роҳи мазкур аз ҷониби сокинони саховатпеша 230 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, мардум барои ободии диёр саҳми арзандаи худро мегузоранд.



Муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалии «ISTEM GRAND FINAL - 2022», ки дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон ҷараён гирифт, Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуданд.
