23 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Деваштич зери унвони «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори ваҳдати миллии тоҷикон» конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуда, дар он раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолону собиқадорони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.



Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент конференсияи илмӣ-амалии «Ваҳдату ҳамбастагӣ - кафили ҳамдилӣ, дӯстӣ ва пайванди инсонҳо» доир гардид.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор, ки 26 июн аст, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони "Корвони зиддимухаддиротӣ - 2022" доир намуд.
