Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт идома дорад

17 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд. 

Бояд таъкид кард, ки ноҳияи Ашт соли равон дар вилоят аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имсол 6037 гектар пахта кишт шуда, пахтакорон бо истифодаи тухмиҳои наву серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникии кишту парвариш ҳосили хуб ба даст овардаанд. Паахтакорони ноҳия санаи 5 ноябр бо ғунучини 14231 тонна "тиллои сафед" нақшаро 100,2 фоиз иҷро карданд.

Аснои боздид мушоҳида гардид, ки ҳанӯз ҳосил дар саҳро зиёд буда, кишоварзони ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ самараи меҳнаташонро ҷамъоварӣ мекунанд. 

Конференсияи байналмилалӣ: Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ

Имрӯз, 17 ноябри соли 2023 бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ” бахшида ба 70-солагии профессор Абдулманнони Насриддин дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода ва доираи васеи олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд.

Ба кори ҳамоиш профессор Аюб Усмонзода ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки конференсияи мазкур ба муносибати 70- солагии яке аз чеҳраҳои намоёни адабиётшиносии муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, равоншод Абдулманнони Насриддин, ки фаъолияти асосии босамари илмиву тадқиқотии ў дар замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифта, Пешвои муаззами миллат Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро дар соли аввали таъсисёбиаш ба ин олими соҳибмактаб сазовор донистанд, бахшида шудааст.

Дар Истаравшан бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд

16 ноябри соли равон дар деҳаи Ободии деҳоти “Гули сурх” ба муносибати Рӯзи Президент бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои мазкур соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва кумитаи падарону модарони муассиса оғоз гардида буд.

Бино аз 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. 

Барои сохтмони бино наздики 1 млн. сомонӣ сарф шудааст. Ҳамаи синфхонаҳои бинои талимӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ васл карда шудаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш