30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» 16 май ба тасвиб расид.
Тавре дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи мазкур 30 майи соли 2022, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.



Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмӣ – адабӣ бахшида ба 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзо баргузор гардид. Дар он роҳбарияти донишгоҳ, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, нависандагону адибони вилоят, устодон, донишҷӯён ва мухлисони осори арзишманди нависанда сарҷамъ омаданд.
Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, узви фаъоли маҳфили илмӣ – ҳунарии “Лоиҳакаши муосири либос” Малика Уралова дар озмуни “Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона” ғолиб шуд.
