Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

3 июни соли 2022 соати 10:40 бо вақти маҳаллӣ дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муноқишаи мусаллаҳона бинобар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон беэътиноӣ намудани талаби қонунии сарҳадбонони тоҷик ҷиҳати тарки ҳудуди Тоҷикистон рух дод. Дар ҷавоб ба талаби сарҳадбонони Тоҷикистон ҳарбиёни қирғиз мавқеи ҷангӣ гирифта, нахуст ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушоданд. Пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон вазъият мураккаб гардид.

“Тағйири иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна”- таҳти ин унвон мизи гирд доир шуд

Ҷиҳати мусоидат ба огаҳӣ ва вобастагии мутақобилаи хатарҳои тағйирёбии иқлим, масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушд, масоили гендерӣ дар заминаи қабули қарорҳо оид ба ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ дар толори конфронсии Маркази омӯзишии Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Гулистон вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ дар доираи лоиҳаи “Тағйири иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна” амалӣ гашта, дар кори он масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони Барномаи рушди Созмони Миллаи Мутаҳид (БРСММ), роҳбарону сардорони ташкилотҳои мухталиф ширкат варзиданд.

Намояндаи МИҲД-и вилоят Маҳмадҷобир Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва вазифаҳои он маълумот дод. Сипас намояндаи БРСММ Ҷамила Мирсаидова баромад намуда, Лоиҳаи “Тағйири иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Миёна” – ро муаррифӣ намуд.

Мақсад: мустаҳакам кардани пойгоҳи моддӣ – техникӣ

Дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимии вилоят тақвият меёбанд. Ин амали нек аз ҷониби масъулини лоиҳаи “Мактабҳо 2030”-и Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон низ дастгирӣ меёбад.

Дар мавриди ташкилу баргузории марҳилаи омӯзишии дар доираи лоиҳаи “Мактабҳо 2030”-и Барномаи рушди маорифи Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон “Тарҳи инсонмеҳвар” дар вилояти Суғд ин ташкилоти хайриявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2- и шаҳри Хуҷанд маросими тақсимоти таҷҳизот ва маводи таълимӣ лавозимоти хониш ва воситаҳои айёнию техникии таълимиро баргузор намуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш