Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр гуруҳе аз аҳли илму фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд ташриф овард.
Меҳмонон дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд қарор дошта, имрӯз 3 ноябр аз марказҳои таълимии ҳунармандии маркази вилоят боздид мекунанд. Соати 15-00-и имрӯз дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" намоиши фарҳангии эҷодкорони эронӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.



Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки зиёда аз 70 нафар бойгоншиносони вилояти Суғд семинар - машварат гузаронида шуд.
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
