24 ноябри соли 2022 дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар раҳпаймоӣ, ки дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев сурат гириф, беш аз 15 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, омӯзгорону аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, занону ҷавонони фаъол иштирок намуда, эҳтироми Парчамро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд. Зеро, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлоламон, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.



Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона гузаронида мешавад.
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич фабрикаи парандапарварӣ мавриди истифода қарор гирифт.
