Дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли равон ба 3 миллиарду 365,2 млн. сомонӣ расонида шуд.
Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647,0 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718,2 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109,0 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.



Дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 647,3 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 74,1 миллион сомонӣ ё 12,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иттилоъ дода шуд.
Бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022, №283 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар медиҳад.
