Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуданд.
Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода - директори муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ин 6 нафар хонандагони Литсей Мамадҷонов Меҳроҷ, Маъсумова Фарина, Ҳасанов Сафархон, Саидаҳмадзода Салимбек, Аҳророва Ясминахон ва Неъматуллоев Акмалҷон, ки ҳамагӣ хонандаи синфи 9 мебошанд дар 3 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал - июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ғолиб омада ба даври финалии ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат ба даст оварданд. Дар 3 даври ин олимпиадаи фаннӣ аз Тоҷикистон танҳо хонандагони ин Литсей роҳхат ба даст оварда, Тоҷикистонро дар ин сабқати зеҳнӣ муаррифӣ хоҳанд намуд.



Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захира намудани маводи хӯрока барои фасли зимистон ва дар асоси нақшаи – чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба консервакунони меваю сабзавотҳо барои зимистонгузаронӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷаббор Расулов ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.
